ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
Оғози ҳамкориҳои ТҶ «Садоқат» ва ТИКА Душанбе бо лоиҳае дар соҳаи маориф
Душанбе, Тоҷикистон, 29 августи соли 2022 – Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» ва Намояндагии Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия дар ш. Душанбе (ТИКА Душанбе) ба ҳамкорӣ дар доираи як лоиҳае оид ба таъмири ошхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич шурӯъ карданд. Дар маросими ба истифода додани лоиҳа намояндагони ТИКА дар Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич, мактаби баҳрабардор, инчунин роҳбарият ва аъзои ҷомеаи маҳаллӣ иштирок намуданд. Пас аз маросими ба истифода супоридани иншоот Фестивали ғизоҳои тоҷикиву туркӣ бо ҳузури меҳмонон ва ҷомеаи маҳаллӣ баргузор гардид, ки дар он ҳарду ҷонибҳо таомҳои миллии худро пешкаш намуда, ҳамдигарро пазироӣ карданд. Ҷавонони тоҷику турк инчунин дар Шоми дӯстӣ фаъолона ширкат варзида, дар он сурудҳои миллӣ иҷро карданд ва табодули фарҳангу анъанаҳо доир намуданд.
Ошхонаи мактаб бо мебелҳои шикаста қабл аз таъмир дар ҳолати ногувор қарор дошт, зеро аз замони сохта шуданаш дар он ягон корҳои таъмири асосӣ иҷро нашуда буд. Дар дохили он на барои пухтан ва на барои шустани даст об вуҷуд надошт. Ошхона ҳамчунин дар дохил таҷҳизоти пухтупаз надошт ва ошпазҳо маҷбур буданд, ки ҳам дар ҳавои сарди фасли зимистон ва ҳам дар гармои фасли баҳор дар оштони анъанавии аз гил сохташуда хӯрок тайёр кунанд.
ТҶ «Садоқат» ва ТИКА дар ш. Душанбе тавассути лоиҳаи мазкур қисмати дохиливу берунии ошхонаро таъмир намуда, таҷҳизоти обтаъминкунӣ ва беҳдоштро нав карданд, таҷҳизоти нави хӯрокпазӣ васл карданд ва онро бо маҷмӯи нави мебел таъмин намуданд. Баҳрабарандагони умумии лоиҳа иборат аз 6300 нафар, аз ҷумла 1200 нафар хонандагон ва 100 нафар омӯзгорони мактаб ва ҳудуди 5000 нафар сокинони деҳаи Ғазантарак ба шароити беҳтари гигиенӣ ва беҳдоштии истеъмоли ғизо дастрасӣ пайдо кунанд. Арзиши умумии лоиҳа 53 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 28 000 доллар барои таъмир ва 25 000 доллар барои барномаи мубодила ҷиҳати дастгирии сафари 12 донишҷӯи турк ба Тоҷикистон ва инчунин дигар чорабиниҳои аз ҷониби лоиҳа амалигардида равона шудааст.
«Соҳаи маориф дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳое мебошад, ки Ташкилоти ТИКА онро бештар дастгирӣ мекунад. Яке аз шартҳои асосии таҳсилоти босифат ин таъмини шароити дурусти ғизо дар мактабҳост, ки муҳимтарин рукни таълиму тарбия мебошанд. Бо татбиқи ин лоиҳа, мо воқеан яке аз беҳтарин намунаҳои ин рукнро пешниҳод менамоем. Мо дар оянда низ чунин лоиҳаҳоро идома хоҳем дод.”- гуфт Ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Душанбе ҷаноби Иброҳим Эрбир.
Барномаи табодули Ҳукумати Туркия барои 12 донишҷӯи турк имкони хубе фароҳам овард, то дар се рӯзи сафари худ ба ноҳияи Деваштич аз Тоҷикистон дидан кунанд, дар корҳои таъмири ошхона ширкат кунанд ва муҳимтар аз ҳама бо ҳамсолони тоҷики худ ошно шаванд. Донишҷӯёни ду кишвар бо иштирок дар чорабиниҳои таъмиру тармим дар бораи фарҳанг, анъанаҳои ҳамдигар табодули афкор намуда, донишу малакаи худро оид ба корҳои ҷамъиятӣ такмил доданд. Дар доираи барнома инчунин бозии дустии футбол барпо гардид, ки ба мустахкам намудани робитаҳои ҷавонони ду кишвар мусоидат намуд. Донишҷӯёни турк аз мавзеъҳои гуногуни сайёҳии Деваштич ва Истаравшан дидан намуда, бо таърихи ин навоҳӣ ошно шуданд.
«Мо аз оғози ҳамкорӣ бо ТИКА дар ш. Душанбе барои некӯаҳволии сокинони манотиқи дурдасти Тоҷикистон бениҳоят хушҳолем. Ин ташаббуси аввалин дар доираи ҳамкории мо, пеш аз ҳама, шароити гигиенӣ ва санитарии ошхонаи мактабро беҳтар намуда, ба ин васила барои пешгирии бемориҳои зиёде дар ҷомеаи мавриди ҳадаф кӯмак хоҳад намуд. Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба ТИКА дар ш. Душанбе, бахусус директори он ҷаноби Иброҳим Эрбир ва кормандони содиқи ин сохтор барои саховатмандӣ, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич барои дастгирии ҳамаҷониба дар раванди татбиқи лоиҳа изҳори сипос намоям. Мо бесаброна интизори ҳамкории дарозмуддат бо ТИКА дар ш. Душанбе ҳастем, то дар рушди устувори Тоҷикистон саҳм гузорем». – фармуд Директори ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» хонум Нигора Негматуллоева.
Дар бораи ТҶ “Садоқат”
ТҶ “Садоқат” ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки соли 2000-ум таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи ҶТ расман ба қайд гирифта шудааст. Ҳадафи асосии ташкилот беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути фаъолият ва ҳамкории пурсамар мебошад. Ташкилот дар давоми 20 соли фаъолияти худ бо дастгирии ташкилотҳои гуногуни донорӣ тақрибан 25 лоиҳаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла васеъ намудани имкониятҳои занону ҷавонон, саломатии репродуктивӣ, тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, баланд бардоштани малакаҳои забони англисӣ, инчунин инфрасохтори муассисаҳои тандурустиву маориф татбиқ намудааст. Барои маълумоти муфассал дар бораи ташкилот ба сомонаи www.sadoqat.weebly.com ташриф оред.
Дар бораи ТИКА
Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсис дода шудааст. ТИКА тавассути Дафтари ҳамоҳангсозии барномаҳои худ, ки дар 62 кишвари чаҳор қитъа, хусусан Осиё, Аврупо, Африка ва Амрико ҷойгиранд, барномаҳо ва лоиҳаҳоро амалӣ мекунад. Кӯмаки расмии рушди Туркия (KDA) асосан тавассути ТИКА амалӣ карда мешавад. Ҳукумати Туркия тавассути ТИКА аз соли 1992 то 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 лоиҳаро амалӣ кардааст. Дар шароити кунунӣ самтҳои афзалиятноки асосии ТИКА дар Тоҷикистон инҳоянд:

- рушди инфрасохтори маориф
- рушди инфрасохтори тандурустӣ
- рушди соҳаи кишоварзӣ
- таҳсилоти касбӣ
- рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ
Маълумот барои тамос:
ТҶ “Садоқат” 735610 Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан Тел: +992 92 938 21 00 Почтаи эл.: [email protected] Сомона: www.sadoqat.weebly.com |
Бо мо бимонед
www.facebook.com/ngosadoqattajikistan www.twitter.com/ngosadoqat/ www.linkedin.com/ngosadoqat/ www.instagram.com/ngosadoqat/ www.tiktok.com/ngosadoqat/ |